Омодагирии Тоҷикистон ба тасдиқи Муоҳадаи СММ

Август 21, 2014 14:25

Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Соли  2014 аз буҷаи давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ 46  миллиону  757 ҳазор  сомонӣ  ҷудо  карда шуд.  Тасмим  гирифта  шудааст, ки то  соли 2017  ин  маблағ ба  63  миллиону  900  ҳазор  сомонӣ расонида шавад.
Мушовири  миллии Раёсати  масоили иқтисодию  иҷтимоии СММ Ҷамшед  Қуддусов зимни  гузоришаш  дар  мавзӯи «Таҳлили  имконоти  иқтисодии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  тасдиқи  Муоҳадаи  СММ  дар  бораи ҳуқуқҳои  маъюбон»  дар Конфронси  байналмилалии  «Омӯзиш» ва  табодули таҷриба ҷиҳати  пайвастан  ба  Муоҳадаи  СММ  дар  бораи  ҳуқуқҳои маъюбон, ки  19  август  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  шуд,  дар  ин  бора  хабар  дод.
Ҷамшед  Қуддусов  зимни  суханрониаш  зикр  намуд, ки соли  2013  собиқ Агентии ҳифзи  иҷтимоӣ,  шуғли  аҳолӣ  ва  муҳоҷират  ба  18  ҳазору 241  нафар  хидмати   иҷтимоӣ  расонид.
Мавсуф  ҳамчунин  ибрози  назар  кард, ки барои  тақвият  бахшидани  вуруди  молу  ашё  ва таҷҳизоти  зарурии  муосир  ба  кишвар  ҷиҳати  расонидани  хидмати  иҷтимоӣ  ба  нафарони имконияташон  маҳдуд  бояд  меъёрҳои   танзими  гумрукӣ ва  андозбандӣ ҷорӣ  карда шаванд.
Ёдовар  мешавем, ки  3  апрели  соли  2013  Президенти  кишвар Эмомалӣ  Раҳмон Фармони  рақами РП – 2200  «Дар  бораи тасдиқи   Муоҳада  перомуни ҳуқуқҳои маъюбон  ва Протоколи  факултативӣ  дар  бораи ҳуқуқҳои  маъюбон» – ро  имзхо  кард, ки  дар  ҳошияи  он Нақшаи  фаъолият  тарҳрезӣ  шуда  ва  тибқи  он  Тоҷикистон  Муоҳадаи  мазкурро  то  соли  2015  имзо  карданист.

Август 21, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад