Ошкоршавии ҷиноятҳо вобаста ба замин

Август 19, 2014 10:46

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз ҷониби кормандони милитсия муайян шуд, ки раиси ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиеви ноҳияи Ваҳдат Абдумаҷид Аҳмадов, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандиси заминсозии ҷамоати деҳоти мазкур Маҳмадӣ Сафаров, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин ноҳия, дидаю дониста, бо қарори маҷлиси шӯрои хоҷагии деҳқонии “Сомониён” ба шаҳрванд Қосимҷон Ҳамзаев, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Меҳргон 0,16 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудааст, боз такроран ба ӯ ҳамчун шахси эҳтиёҷманд аз ҳудуди деҳаи Суфиёни ноҳияи мазкур 600 метри мураббаъ замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки сокини дигари ноҳияи Ваҳдат шаҳрванд Тураҷонзода Илҳомҷон Ҳоҷӣ Акбар, соли таваллудаш 1980, худсарона қитъаи заминро ишғол намуда, дар он таҳкурсии бинои истиқоматӣ  сохтааст. Чунончи, номбурда дар моҳҳои июн-августи соли 2011 бо маслиҳати пешакӣ бо Умар Тағоев, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия аз ҳисоби заминҳои минтақаи муҳофизатии дарёи Сароби миёна, 528 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, атрофи онро маҳкам кардааст.
Ҳамин тавр, зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ВКД ноҳияи Ҷиликӯл муайян намуданд, ки сокини ҳамин ноҳия Тошгул Эшонова, соли таваллудаш 1958, дидаю дониста, ки ба ӯ аз тарафи мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатӣ ва бахши меъморию шаҳрсозии ноҳия барои сохтмони манзили истиқоматӣ иҷозат дода нашудааст ва оид ба он қарори дахлдор қабул нагардидааст, бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ барои писараш Раҳим Ишинов масоҳати 51-метри мураббаъ қитъаи замини ғайрикишоварзии хоҷагии Э. Сатторовро худсарона ишғол намуда, дар ин қитъаи замин сохтмони манзили истиқоматии  3-хуҷрагиро шурӯъ кардааст.
Инчунин ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон шаҳрванд Ҷумъа Тагбаев, соли таваллудаш 1947, сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаҳрванд Абдушукур Салимов, соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, аз ӯ 26 ҳазор рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 0,10-га қитъаи замини назди ҳавлигӣ медиҳад, ҳол он ки қитъаи замини дар назар доштаи А. Салимов ба заминҳои чарогоҳ тааллуқ дорад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки мутахассиси заминсоз Саъдулло Ортиқов, соли таваллудаш 1963 ва мутахассиси КВД “Заминсоз”-и кумитаи заминсозии ноҳия Хуршед Менглиқулов, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандагони ноҳия Ёвон, аз рӯи маслиҳати пешакӣ даст ба сохтакории ҳуҷҷатҳо задаанд.
Тафтиши далелҳои мазкур идома дорад.

Август 19, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад