Озмуни «Таъмири беҳтарин»
Шаҳринав, 06.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Бо мақсади дар сатҳи баланд ва хушсифат анҷом додани таъмир дар ҳамаи 53 муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав озмуни «Таъмири беҳтарин» идома дорад. Ғолибони се ҷои аввал бо туҳфаҳои арзишнок сарфароз хоҳанд гардид. Ҳамчунин оиди омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба зимистони солҳои 2014-2015 нақша-чорабиниҳо таҳия ва Ситод ташкил карда шудааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия то имрӯз беш аз 430 тонна ангишти хушсифат дастрас кардаанд. Он муассисаҳое, ки барои харидории ангишт маблағи кофӣ надоштанд, аз ҷониби мақомоти иҷроия 17 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






