Падарро 4000 сомонӣ ҷарима карданд

Август 22, 2014 14:20

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Назаров Шайдулло Нуруллоевич кушода шуд. Шаҳрванд Ш.Н. Назаров барои гирифтани таҳсилоти умумии асосии нӯҳсола фарзандони ноболиғи худ Назаров Муҳаммад Шайдуллоевичи 14- сола ва Назарова Манижа Шайдулоевнаи 13- соларо дар давраи солҳои хониши 2013-2014 барои рафтан ба мактаб иҷозат надодааст. 
Тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” падару модар уҳдадоранд ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд, бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд. Инчунин тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидайн уҳдадоранд, ки фарзандро бо зарурияти таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд. 
Тибқи иттилои судяи суди ноҳияи И.Сомонӣ  Ҷамшед Бачаев суд муайян намуд, ки судшаванда Ш.Н. Назаров ҳамчун падар уҳдадориҳои худро барои ба таълим фаро гирифтани фарзандонаш иҷро накарда, онҳоро ба мактаб рафтан намондааст. 
Назаров Шайдулло Нуруллоевич тибқи Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ таъйин карда шуд. 
 
 
 
 

Август 22, 2014 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд