Парвози «Андалеб»-и ҳунар анҷом ёфт
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гулчини барномаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳо, ки дар Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014 иштирок намуданд, баргузор гардид. Ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромадҳои беҳтарини консертии худро пешкаши тамошобинон гардонданд. Мувофиқи холҳои гирифтаи ҳаваскорон дар озмун ҷои аввалро ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат соҳиб гаштанд. Ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод, Зафаробод ва Фархор гардид. Ҷои сеюм ба ҳаваскорони шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва ноҳияи Шуғнон дода шуд.
Намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Рухом», ҶДММ «Ёқут- 2000», Ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» пайдо намудани истеъдодҳои нав, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯстиву рафоқат, эҳёи урфу одатҳои қадимии мардуми тоҷик мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






