Пирӯзии Тоҷикистон бар Малайзия
Душанбе, 09.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Малайзияро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Малайзия шомгоҳи ҷумъаи 8-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Бозии дӯстона миёни ин ду тим бо бартарии комили футболбозони тоҷик давом кард. Тӯбҳоро ба дарвозаи меҳмонон Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 16-ум, Дилшод Восиев (38), Фатҳулло Фатҳуллоев (52) ва Нуриддин Давронов (53) заданд. Ягона тӯби меҳмононро ба дарвозаи соҳибони майдон Муҳаммад Амрӣ дар дақиқаи 43-юм аз ҷаримаи ёздаҳметара ворид кард.Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор мерафт. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






