Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони тоҷику қирғиз дар Хуҷанд
Хуҷанд, 12.08.2014 (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Субҳи имрӯз дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд назди ҳайкали сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ тантанаи пазироии иштирокдорон ва меҳмонони Рӯзҳои фарҳанги ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни пешвозгирӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҷавонону зиёиёни маркази вилоят меҳмононро ба шаҳри бостонии Хуҷанд хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки робитаи ҷавонони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Баткенти вилояти Баткент заминаи усутувор дорад. Зеро муносибати хуби дӯстию рафоқати сокинон ва ба хусус ҷавонони ин ду шаҳри маркази вилоятҳо аз омилҳои хуби ҳамсоядорӣ ва эҳтироми таърихии арзишҳои ҳамдигар маншаъ мегирад. Зимни қабули расмӣ иштикродорони чорабинӣ ҳамроҳи шаҳрдории Хуҷанд Р. Аҳмадзода дар зери пояи муҷассамаи Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Тибқи нақша рӯзҳои фарҳангии ҷавонони ду кишвар аз осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ вилоятӣ, Маркази фарҳангии «Шероз» дидан намуда, анҷомбахши он бо барномаи якҷояи омоданамудаи маҳфили хушдилону ҳозирҷавобони ҷавонони тоҷику қирғизро хоҳад буд. Бояд гуфт, ки ҳафтаи фарҳангии ҷавонону тоҷику қирғиз аз санаи 11 августи соли равон оғоз гардида санаи 13-ум интиҳо меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки баргузории аввалин чорабини мазкур аз соли 2012 бо иқдоми ҷавонони тоҷик оғоз гардида буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






