Рафтори намунаи ҳар тоҷикистонӣ муарифгари миллат
Душанбе, 12.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамбастаги бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Раиси Кумитаи мазкур Аҳтам Абуллозода ва намояндагони Вазорати маориф ва илм бо донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, баргузор гардид.Аҳтам Абудллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баромади худ ин мулоқотро самараи истиқлолият ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ дар байни ҷавонон арзёбӣ намуда, аз донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, даъват ба амал овард, ки пеш аз ҳама бо баҳои аъло таъсил намоянд ва ҳамчун мутахаасси варзида ба Ватан баргарданд ва дар ободу зебо намудани кишварашон ҳиссаи хешро гузоранд.“Бо баҳои хубу аъло хондану рафтори намунаи ҳар тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар, порчае аз муаррифӣ кардан аз фарҳанги волои миллати хеш дар назди оламиён аст ”, гуфт Аҳтам Абудллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни мулоқот бо дониҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта.Ҳамзамон дар рафти мулоқот суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб сурат гирифта, донишҷуён ба саволу дархостҳои худ посухҳои мушахас гирифтанд. Ёдрас мешавем, ки Рўзи байналмилалии ҷавонон аввалин маротиба 17 декабри соли 1999 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, бори аввал 12 августи соли 2000 ин рўз ба таври расмӣ ҷашн гирифта шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






