Раиси Кумитаи заминсозии Норак муҷозот мешавад

Август 5, 2014 11:52

Душанбе, 5.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Норак Абдураҳмон Гулов барои гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод боздошт гардид. Абдураҳмон Гулов бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини барои боғ ҷуддокардашуда, ба воситаи миёнрав- Миралӣ Наимов аз шаҳрванд Ҳасанов бо роҳи тамаъҷӯӣ ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Миралӣ Наимов баъди гирифтани маблағ аз шаҳрванд Ҳасанов дар дохили заводи маҳсулоти оҳану бетонии шаҳри Норак дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Агентии номбурда хабар доданд.

Август 5, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст