Роҳҳои Хуҷанд мумфарш мешаванд

Август 15, 2014 10:50

Хуҷанд, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). – Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфарш ва таъмиру навсозии роҳҳои марказию маҳаллӣ вусъат меёбанд. Ин корҳо ба манзури иҷрои қарори раиси вилояти Суғд дар мавриди ободонии роҳҳо иҷро мешаванд.То имрӯз корҳои зикршуда дар 20 кӯчаи марказии шаҳр анҷом ёфтаанд.Ҳоло корҳо барои қирпӯш намудани кӯчаҳои маҳаллаи Бофанда идома доранд.Чанде пеш раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни ободонии маҳаллаи Бофанда шинос шуда, барои сари вақт ва хушсифат таъмир намудани кӯчаҳои он дастури дахлдор дод.Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки имсол масофаи 116 километр роҳҳои шаҳри Хуҷанд қирпӯш карда шавад.

Август 15, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад