Рушди ҳамкориҳои ВКД ҶТ ва ҶМЧ
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз 17-ум то 20-уми августи соли равон ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд.
Мақсади сафар аз тақвият додани дурнамои ҳамкориҳои судманд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва расонидани кӯмаки техникӣ барои воҳидҳои махсуси зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Зимни сафари корӣ, дар таърихи 19 августи соли ҷорӣ вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур тарафайн оид ба вусъати ҳамкориҳои судманд дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шуда, вобаста ба баргузории ҷаласаи мазкур дар сатҳи зарурӣ омодагии ҳамаҷониба ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коркарди ягонаи тактикӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пешниҳод гардид, ки машқҳои низомӣ-тактикии якҷояи воҳидҳои махсус дар шароити кӯҳсор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ин таклифро пазируфта, изҳор намуд, ки нақшаи амалиёти якҷоя дар доираи шартномаҳои дуҷониба ба амал бароварда шавад.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо котиби комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқии Комитети марказии ҳизби комунистии ҶМЧ Мэн Цзянчжу вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки барои ҳамкориҳои судманд тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати кории Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳри Тянсзини ҶМЧ, ки тобеи бевоситаи марказ мебошад, боздид ба амал овард.
Ҳамчунин ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз воҳиди таъйиноти махсуси Сарраёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Тянсзин дидан намуда, аз малакаю маҳорат ва омодагии касбии кормандон ин ниҳод аз наздик ошноӣ пайдо намуд.
Инчунин зимни сафар ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз якчанд идораву сохторҳои Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дидан намуд. Ҳангоми боздид аз Донишкадаи тадқиқоти илмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии ин кишвар роҳбарияти он омодагии худро вобаста ба ҳамкорӣ ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи пешқадам ва боло бурдани малакаи касбӣ изҳор намуданд.
Доир гардидани вохӯрии дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бори дигар собит месозад, ки дурнамои ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавсеа ёфта, барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мубодилаи иттилоот мусоидат менамояд.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






