Рушди ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Август 18, 2014 11:58

 
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида дар доираи Барномаи Эмерҷенс Груп дар Тоҷикистон,  дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯи 17 мавзӯъ бо ёварони сардорони Раёсати ВКД ва шуъбаи ВКД дар шаҳру ноҳияҳо оид ба кор бо ҷомеа гузаронида шуданд. Дар машғулиятҳо кормандон аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо ҷомеа, ки тайи солҳои охир омӯхта шудааст, бо ҳамдигар мубодила намуданд. Зимни машғулиятҳо дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ, ки бевосита барои тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа пешбинӣ гардидаанд, бозомӯзӣ шуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, то имрӯз дар 17 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 32 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар биноҳои замонавӣ ташкил гардида, ба истифода дода шудааст, ки онҳо бо тамоми воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти замонавии корӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, телевизор, телефон, кондитсионер, принтер, проектор, камера, дастгоҳи аккосӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
 

Август 18, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст