Рушди соҳаи маориф дар Шӯрообод
Шӯрообод, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва ба камол расонидани фарзандони мардум масъулияти баландро бар дӯш дорад. Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили мамлакат дар ноҳияи Шӯрообод соҳаи мазкур ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, барои илмомӯзии хонандагон тамоми шароиту имкониятҳои дарсомузӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин аз манфиат холӣ нест. Дар тобеияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шурообод 52-муассисаҳои таълимӣ, 2-муассисаи то- мактабӣ амал менамоянд, ки устодону мураббиёни варзидаи соҳа ба шогирдон таълиму тадрис медиҳанд. Муассисаи томактабии рақами 1-и ба номи «Умедчон»-и ноҳияи Шӯрообод зодаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар он айни замон 40-нафар кӯдакони аз 2 то 7-сола ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 4-мураббиёни мушфиқу меҳрубон дар руҳияи ватандӯстӣ ба тарбия машғуланд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






