Сафари гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ба Бадахшон

Август 26, 2014 15:26

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мутахассисони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани давраҳои омўзишӣ, барои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба шаҳри Хоруғ сафар карданд.  Ҳайати гурўҳи корӣ дар маркази омўзишии қисми ҳарбии 2848 СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба хизматичиёни ҳарбии гузаргоҳҳои назди сарҳадӣ ва кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ семинари дастурдиҳӣ доир намуд.Тавре ки намояндагони гурўҳи корӣ баён доштанд, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз сафар ба кишварҳои дуру наздик бояд дар мадди аввал ҳуҷҷатҳои заруриро ба танзим дарорад. Дар бораи давлати сафар мекардааш маълумот дошта бошад, зеро ҳар давлат қонун ва қоидаҳои давлатдории худро дорад ва шаҳрвандони хориҷӣ онро бояд риоя намоянд.Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат бештар ба қонуну дастурҳои ин давлат такя намуда, ба марзбонони гузаргоҳҳои назди сарҳадӣ тарзи пур кардани варақаҳои муҳоҷиратиро шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин онҳо бобати ихроҷ сухан намуданд. Марзбонон шаҳрвандонро бояд қаблан огоҳ намоянд, ки онҳо ба муҳлати муайян ҳуқуқи сафар ба кишвари Русия надоранд.Коршиносони Хадамоти муҳоҷират ҳамзамон тарзи сабти ном кардани муҳоҷирон дар ин давлатро ба марзбонон шарҳу тавзеҳ доданд. Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.

Август 26, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад