Санҷиши БМҲА ва прокуратураи ҳарбӣ натиҷаи хуб дод
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки масъулини соҳа ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ (БМҲА)-и Вазорати мудофиа дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт санҷиш гузаронида шуд. Зимни он аён гардид, ки новобаста аз он, ки дар ин самт аз ҷониби масъулини соҳа амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешаванд, то кунун ронандаҳои нақлиёти давлатии мансуб ба вазорату идораҳои дахлдори қудратии кишвар, бе ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба хати сайр мебароянд.
Дар ҷараёни санҷиши муштарак як силсила қонуншиканиҳо аз тарафи ронандагони мошинҳои хизматӣ ба мушоҳида расид, ки нозирон мувофиқи он протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор равона намуданд.
Зимни ташкили санҷиши мазкур, инчунин аз ҷониби масъулон ҳолати аз муоинаи техникӣ нагузаштани мошинҳо, варақаи сафарии муҳлаташон гузашта, ба манфиати шахсӣ истифода намудани мошинҳои хизматӣ ва дигар ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ошкор ва нисбаташон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
Бояд гуфт, ки нозирони Бозрасии марказии ҳарбии автомобилӣ ҳамарӯза ҳаракати мошинҳои хизматиро дар дидбонгоҳҳои таъйиншуда мувофиқи вазифаҳои хизматӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Илова бар ин барои сари вақт пешгирӣ намудани қоидавайронкунии ронандагон дар роҳҳо, тибқи нақша дар ҳамоҳангӣ бо кормандони прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо санҷишҳои муштарак низ доир менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






