Сардовари дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Малайзия иваз шуд

Август 7, 2014 09:45

Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Федератсияи футболи Қазоқистон сардовари бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Малайзия иваз кард.Довари FIFA Александр Алиев аз Алмаато сардовари бозии байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Малайзия таъйин шуда буд, вале ӯ ба иллати лат хӯрданаш ин бозиро доварӣ карда наметавонад.Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ба ҷойи Алиев довари ФИФА Александр Гаузер аз шаҳри Петропавловски Қазоқистон ба Душанбе меояд. Ба сардовар Гаузер ёварони довари FIFA Сергей Васютина ва Самад Тергеусизов (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.Дар бозии дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак довари эҳтиётӣ таъин шудааст. Давлатманд Исломов, сардори шӯъбаи байналмилалии ФФТ, комиссари бозӣ ва Шавкат Аҳмадов, мудири техникии ФФТ, нозири доварон мебошанд. Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия 8-уми августи соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севвум мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди пирӯзӣ бар дастаи миллии Афғонистон, дар бозии дуввум 7-уми июн дар Таллин аз мунтахаби Эстония шикаст хӯрдааст.Ба иттилои ФФТ пас аз бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон дар сафар 12-уми августи соли равон бо дастаи миллии Қазоқистон ва 4-уми сентябр бо мунтахаби Беларус бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Август 7, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад