Сарвари нави мактаби санъати шаҳри Чкалов
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо фармони раиси шаҳри Чкалов Моҳинисо Қурбонова сарвари мактаби санъати шаҳри Чкалов таъйин гардид. Қаблан роҳбарии ин мактабро Шермуҳаммад Бойматов, фарзанди бузурги ҳунарманди нотакрор Боймуҳаммад Ниёзов бар уҳда дошт ва ӯ бо пешниҳоди ариза аз вазифа сабукдӯш шуд. Моҳинисо Қурбонова соли 1990 омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз ва соли 1998 факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси мусиқишинос-шарқшинос хатм намудааст.Аз соли 1992 то соли 2009 дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, соли 2009 ба вазифаи ҷонишини директор оид ба қисми таълими Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз таъйин гардида, то моҳи августи соли ҷорӣ дар ин вазифа фаъолият намудааст.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






