Шӯрообод: Муроҷиати 33 нафар нафақахур

Август 4, 2014 10:06

Шӯрообод, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Шӯрообод дар асоси қонуни ҶТ « Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ» амал намуда, дар таъмини нафақапулии нафақахӯрон нақши босазо доранд. Дар қайди шуъбаи мазкур 254 ташкилоту муассиса , корхонаҳои хурди хусусӣ ҳамчун супорандагони аъзоҳақии саҳмияи суғуртаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби таъмини нафақаи андухтии шаҳрвандони ба нафақа баромада ба АСИН- и ноҳия 33 нафар нафақахурон муроҷиат намуданд, ки ҳамаи онҳо ба маблағи 11,5 ҳазор сомонӣ маблағи андухти пардохт карда шудааст. Нақшаи қисми даромади буҷети саҳмияи суғуртаи иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 129,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба суратҳисоб 130,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст. Қисми даромади андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ бошад, дар ин муддат 2 м 139 ҳ 981 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 2 млн 366 ҳ 414 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 109 %-ро дар бар мегирад. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳияи Шӯрообод 3 ҳ 911 нафар нафақахурон ба қайд гирифта шуда, талаботи нафақаи онҳо то ин муддат 5 м 711 ҳ 501 сомонӣ пешниҳод шуда, то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ пурра маблағгузорӣ гардидааст.

Август 4, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад