Шаҳрдорӣ 90 идеяи беҳтаринро интизор аст
Душанбе, 09.08.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 90 солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе озмуни “90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе”-ро эълон менамояд. Ҳадафи озмун истифодаи потенсиали ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию инфрасохтории пойтахт аст. Дар озмун сокинони пойтахт, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Ироаи идеяи реалӣ ҷиҳати рушди пойтахт, бо матни на камтар аз 90 ҳарф ва зиёда аз 90 калима аз шартҳои асосии озмун аст. Озмун дар тӯли 90 рӯз гузаронида шуда, танҳо 90 идеяи дар навбати аввал ба озмун пешниҳодгардида, қабул карда мешавад. Барои идеяи аз ҳама беҳтарин ҷойи якум 500 сомонӣ, ҷойи дуюм 400 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ, ҷойи чорум 200 сомонӣ ва барои 9 идеяи нисбатан беҳтар ба ҳар кадоме 90 сомонӣ мукофот интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






