Шаҳрдорӣ: «Тамоми иншооти ғайриқонунӣ аз байн бардошта шавад»
Душанбе, 04.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Омодагии пойтахт ҷиҳати баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи сазовори ҷашни 90-солагии Душанбе дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.Зикр гардид, ки шурӯъ аз 5 то 31 августи соли равон рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва нимаи аввали шанбе бо ҷалби тамоми потенсиали роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои пойтахт, мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баҳри ободонии пойтахт шанбегӣ гузаронида шуда, иншооти ғайриқонунӣ аз байн бурда шавад. Инчунин роҳбарони комиссияҳои давлатии қабули иншооти сохтмонаш ба анҷомнарасида муваззаф шуданд, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ қабули иншоотҳоро роҳандозӣ намоянд. Дар сурати мушоҳида кардани нуқсу камбудиҳо новобаста аз таъинот ва муҳлати ба истифода додани онҳо барои ислоҳашон аз ҷониби фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






