Шаҳристон: оғози ҷаласа дар самти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд семинар-ҷаласа дар мавзӯи «Коркарди фаврӣ-агентурӣ: ташкил ва тактикаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» оғоз гардид. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, семинар-ҷаласа то 20-уми августи соли равон идома ёфта, он асосан ба самти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.
Дар семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла аз ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадор, Хадамоти гумрук, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






