Шарҳи ВКХ ҶТ вобаста ба ҳодисаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 26.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегарданд. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд.Ҷониби Тоҷикистон дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз неру ва имконоти мавҷуда раво медонад.Дар робита ба ин, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошт фиристода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






