Шартномаи дуҷониба бо Федератсияи Россия

Август 7, 2014 14:22

Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани шиддати бекорӣ дар бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ меандешад.Бо ин мақсад директори Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа Ҳомид Толибов аз шаҳри Хоруғ, минтақаҳои поёнии вилоят дидан намуда, бо сокинон, бахусус бо ҷавонон сўҳбату мулоқотҳои судмандро анҷом дод.Зикр шуд, ки Агентии бо кор таъминкунӣ бо як қатор ширкатҳои вилояти Липетски Федератсияи Русия  ва Ҷумҳурии Қазоқистон бобати таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷой кор шартномаи ду ҷониба ба имзо расонид.Мутобиқи созишномаҳои тарафайн ширкатҳои бурунмарзӣ муҳоҷирони тоҷикро натанҳо бо кор, маоши хуб, ҷой хоб пурра таъмин менамоянд, балки ҳуқуку манфиатҳои онҳоро низ зери ҳимоя қарор медиҳанд.Бо ибтикори Агентӣ дар марҳилаи аввал 50- нафар хоҳишмандон ҷавонони бешуғл аз шаҳри Хоруғ бо ҷой кор таъмин карда мешаванд. Дар марҳилаи навбатӣ шумораи бештари хоҳишмандон аз ВМКБ барои фаъолияти минбаъда ба вилоятҳои дигари Федератсияи Русия сафарбар карда мешаванд.Абдуллохи Кодири- сухангуи Хадамоти мухоҷират.

Август 7, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад