«SHERATON» дари худро боз менамояд
Душанбе, 08.08.2014.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахт дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «SHERATON» бо масоҳати умумии беш аз 24 000 метри мураббаъ барои муштариён дари худро боз менамояд. Меҳмонхонаи «SHERATON» марбут ба ширкати маъруфи амрикоии “Starwood” буда, дар кӯчаи Айнии пойтахт бунёд карда шудааст. Он дорои 148 ҳуҷра ва беҳтарин хизматрасониҳост. Бояд тазаккур дод, ки ширкати “Starwood” дар 100 кишвари ҷаҳон беш аз 1100 меҳмонхонаю истироҳатгоҳҳо дорад, ки қисмати бештараш таҳти тамғаи «SHERATON» фаъолият менамоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






