Шиносоӣ бо рафти барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор
Зимни боздид аз ноҳияи Ҳисор ва шиносоӣ бо рафти омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуда, таъкид дошт, ки ин яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.Тавре аён гардид, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст.Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, қасри Мири Ҳисор, ҳавзи дохил, сарбозхона ва иншооти дорои аҳамияти таърихии он навсозӣ хоҳанд шуд.Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд ва қалъаи Ҳисор беш аз пештара сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро ба худ ҷалб намояд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






