Шиносоии Президент бо рафти сохтмони маҷмааи универсалии варзишии Пойтахт-90
Душанбе, 30.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони маҷмааи универсалии варзишии Пойтахт-90 бевосита шинос шуд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо, маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ бунёд меёбад. Дар воқеъ, ин мавзеъ дар болои боғи фарҳангию фароғатии Пойтахт ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ барои ин ҳадаф аст.
Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузурги барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишӣ обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишианд, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.
Тавре аён гардид, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои Ростовгипрошахти Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.
Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то пиронсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Дар ин ҳавзҳо ҳамчунин ҷойҳои аз баландиҳои 1,5 м., 3, 7 ва 10 метр ба об сарозер хез задан мавҷуд аст, ки ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ мутобиқат мекунанд.
Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудаанд.
Дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кор таъмин мегарданд.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки қасрҳо ва дигар бинои иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш меёбанд, ки ин рамз бозгӯй аз кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон аст








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






