Сохтмони ипподром дар Султонобод
Душанбе, 01.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). Дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ипподроми ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 22 гектар бомуваффақият идома дорад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи асппарварӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин бобат барномаи махсус барои солҳои 2009-2016 қабул гардидааст, ки ба пешравии соҳаи асппарварӣ мусоидат мекунад. Мутобиқи қарори мазкур соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 20 сар аспҳои зотӣ харидорӣ гардида, ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Асппарвар» дастрас карда шуд. Аз корхонаи мазкур бо мақсади хушзот кардани зоти аспҳо ба дигар корхонаҳои ҷумҳурӣ аспҳои беҳтарин фиристода шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани барномаи рушди соҳаи асппарварӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Рашт санаи 22, 23 ва 26 марти соли ҷорӣ пойга гузаронида шуд. Дар вилояти Хатлон 65 сар асп, вилояти Суғд 74 сар асп ва ноҳияи Рашт 26 сар аспҳои беҳтарини зотҳои тоҷикӣ ва англисӣ ширкат варзиданд, ки ғолибони чорабинӣ бо диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






