Сокинони вилояти Суғд ба кори мавсимӣ сафарбар шуданд
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар вилояти Суғд сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор роҳандозӣ шуд. Дар моҳи июли соли равон ҶДММ «Нақлиёт» ва СИ «Маҳмудов» сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Исфара ва Аштро ба вилояти Тюмен ва шаҳри Сургут сафарбар намуданд.
Ҳамчунин моҳи августи соли ҷорӣ ҶДММ «Нақлиёт» 10 — нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург фиристод.
Тибқи шартномаи меҳнатӣ, муҳоҷирон вазифадоранд муддати як сол дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ намоянд.
Дар ин радиф ҶДММ «Умури меҳнатии ихтиёрии ҷавонон» низ 60 нафар сокини вилояти Суғдро дар вилояти Маскав бо кори мавсимӣ таъмин намуд.
Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






