Студияи телевизионӣ барои донишҷӯёни кафедраи журналистика
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар назар аст, ки 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи телевизионии замонавӣ ба кор оғоз намояд.
Гуфта мешавад, студияи телевизионӣ бо маблағи наздик ба 60 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зикр шуд, ки таъсиси студияи телевизионӣ орзуи деринаи устодон ва донишҷӯёни кафтедра буд, ки бо дастгирии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ғафур Усмонов амалӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки маводи омоданамудаи журналистони оянда аз тариқи телевизионҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия», «Танин» ва «ТВ-Суғд» пахш мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






