Суғд: нигаронӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ
Хуҷанд, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Аз аввали сол дар роҳҳои мошингарди шимоли кишвар 13 нафар кӯдак ба ҳалокат расид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар давоми 7 моҳу 15 рўзи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят 187 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 63 кас ба ҳалокат расида, 201 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
Хосатан зиёдшавии содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо оқибати марг дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент ва Ҷ.Расулов ба мушоҳида мерасад.
Инчунин тайи ин давра бар асари рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ 47 ҳодисаи вайронкунии қоида аз тарафи ронандагону ноболиғон ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 13 нафар кӯдаку наврас ба ҳалокат расида, 39 тани дигар ҷароҳат бардошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






