Суғд: Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Чкалов ҷиҳати сари вақт дидани омодагии хуб ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тадбирҳои амалӣ андешида шуда, маводи лозимии сӯзишворӣ захира гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 20 августи соли равон дар муассисаҳои таълимӣ беш аз 300 метри мураббаъ корҳои шишабандӣ анҷом ёфта, 20 метри мукааб ҳезум, 33 тонна ангишт ва 110 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.
Ҳамзамон муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр бо 257 адад гармкунаки барқӣ, 59 адад печкаи бухорӣ ва барои фаъолияти ҳамешагии синфхонаҳои компютерӣ бо 9 адад генератори барқӣ таъмин шудананд.
Яке аз тадбирҳои дигаре, ки аз ҷониби шуъбаи маориф дар ин самт роҳандозӣ шуд, ин иваз намудани қисме аз тирезаҳои муқаррарӣ ба тирезаҳои пластикӣ мебошад. Ба иттилои масъулин дар ин давра 26 адад тирезаи муассисаи таълимии №4 ва тирезаҳои роҳрави ошёнаҳои 2 ва 3-юми МТМУ №10 ба тирезаҳои пластикӣ иваз шудааст.








Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






