Суғд: сипоснома ба табибони пешқадам

Август 19, 2014 09:55

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чорабинии идона доир гардид.
Абдураҳмон Қодирӣ иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки табибони вилоят ҷиҳати беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ наздики  120 миллион сомонӣ маблағ ҷудо  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123 фоиз зиёд аст. Бо мақсади сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи соҳавӣ соли 2014  сохтмон ва таъмири 55 иншооти тандурустӣ, 42 шуъбаи муассисаҳои тиббӣ  ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят ба пешқадамони соҳаи тандурустӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд. 
 
 

Август 19, 2014 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад