Таҷлили рӯзи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 дар тобеияти Вазорати мудофиаи кишвар таъсис ёфта, ҳар сол рӯзи сешанбеи сеюми моҳи август рӯзи таъсисашонро ҷашн мегиранд. Ҳайати шахсии ин неруи мусаллаҳ бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва чорхболҳои ҷангӣ баҳри таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва дар таъмини амнияти давлату миллат хизматҳои арзанда намудааст. Соли 2010 фурудгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ бо тарҳу усулҳои наву замонавӣ ва меъёри пешқадами ҳозиразамони ҳарбӣ навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.Фурудгоҳи низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиа бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҳавонавардиву навигатсионӣ ва дигар технологияҳо муҷаҳҳаз буда, он бузургтарин майдони ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ ба шумор меравад. Чунки дарозии хати парвоз ва нишасти он ба се ҳазору дусад метр баробар аст. Фурудгоҳи мазкур тавре мустаҳкам шудааст, ки метавонад ҳама намуди ҳавопаймоҳои дар ҷаҳон мавҷударо бе ягон мамониат қабул намояд. Мутахассисони соҳавӣ барои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ , асосан берун аз Тоҷикистон ва аз соли 2004 бо теъдоди муайян дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа омода мешаванд.Дар фурудгоҳ ҳамзамон барои пайваста такмил додани донишу маҳорат ва малакаи касбии ҳавонавардони ҷавон як бинои муҷаҳҳази таълимӣ бунёд шудааст, ки қабл аз парвоз бо ҳавопаймоҳои воқеӣ афсарони касбии ин соҳа имкон доранд таълимоти назариявии худро бо намунаи компютерии ҳавопаймоҳо мавриди санҷиш ва такмил қарор диҳанд.Аслан дар ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон навъҳои мухталифи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати хуби омодагӣ қарор дошта, бо мутахассисони соҳибтаҷриба таъминанд. Дар ин замина барои баланд бардоштани омодагии ҷангӣ Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, ҳайати шахсии он бо истифода аз авиатсияи ҷангӣ дар ҳама машқҳои васеи низомии зиддитерористӣ, ки дар дохили кишвар бо ҷалби низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону дигар давлатҳо доир мегарданд, ширкати фаъолона карда, доимо аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






