Таҷлили рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Нижний Новгород
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Тавре ки раиси созмони минтақавии ҷамъиятии Нижний Новгород – «Анҷумани халқҳои форсизабон» Эраҷ Боев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, анҷумани мазкур дар ҳошияи таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия бо иштироки аҳли илм, намояндагони иттиҳодияҳои миллии фарҳангӣ ва донишҷӯён бахшида ба таърихи давлатдории тоҷикон дар мавзӯи «Имрӯзу фардои давлатдории тоҷикон» мизи мудаввар доир менамояд. Ба гуфтаи Эраҷ Боев, дар ҷараёни ин чорабинӣ марҳалаҳои рушди таърихии давлатдории халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин (таърихи ташаккули давлатдории давраи Эрони қадим, шоҳигарии Кӯшониёну эфталитҳо, Суғду Бохтар, давлатҳои қарни миёнаи Сомониён, Ғӯриён ва Тоҷикистони имрӯза) баррасӣ мешаванд. Қобили зикр аст, ки аз рӯи анъана дар минтақаҳои дигари Федератсияи Русия, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон сукунату фаъолият доранд, чунин чорабиниҳо низ роҳандозӣ мешаванд.Ёдовар мешавем, ки 9 сентябр халқи тоҷик 23 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






