Талаботи Русия ба меваҳои Тоҷикистон зиёд аст

Август 12, 2014 15:37

Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати расмии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии узви Шӯрои Федератсияи Русия, муовини якуми раиси Кумита оид ба сиёсати аграрӣ — озуқаворӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ Сергей Лисовский мулоқот намуд.Дар мулоқот раиси вилоят оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла амалӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи он 32 ҳазор хоҷагии деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил гардид, маълумот дод. Чуноне ки итилоъ дода шуд, маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон асосан ба Федератсияи Русия содирот мешавад. Зикр гардид, ки содироти солонаи Тоҷикистон ба Русия беш аз 100 ҳазор тона меваи хушк ва 100 тона полезиҳоро ташкил медиҳад.Намояндагони ҳайати расмии Федератсияи Русия оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои воридоти маҳсулоти кишоварзии тару тоза аз вилоят ба минтақаҳои гуногуни Русия изҳори назар карданд. Тавре маълумот дода шуд, дар Федератсияи Русия ба меваҳои тару тоза ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон талабот зиёд аст. Бо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ҳал намудани мушкилиҳои логистикӣ дар ин соҳа имкони бештари содироти меваҳои гуногуни деҳқонони Тоҷикистон ба Русия фароҳам оварда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо азнавбарқарорсозии комбинатҳои консервагии вилоят ва бо ин васила бо шарбатҳои шаҳдбори Тоҷикистон таъмин намудани бозори истеъмолии Русия низ ба инобат гирифта шавад. Зеро солҳои пешин аз Тоҷикистон миллионҳо қуттии шартӣ маҳсулоти консервагӣ ва шарбатҳо содирот карда мешуд, аммо ин соҳа алҳол рӯ ба таназзул ниҳода истодааст.Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Август 12, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд