Тарғиби либос аз матои табиӣ
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 26 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби либос аз матои табиӣ, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон, ба муносибати 20-солагии Сарқонуни кишвар дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Адрас ва атласи Хуҷанд-2014» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд, тамоми идораву шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ вазифадор шуданд, ки силсилаи чорабиниҳоро ташкил намуда, барои тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ, замонавӣ ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои шаҳрии Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014» тадбирҳои мушаххас андешанд.
Барои дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ ҳайати кумитаи тадорукот иборат аз 16 нафар ташкил шуда, Умеда Муродова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарии кумитаи тадорукотро ба зимма дорад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






