Тарғиби либос аз матои табиӣ

Август 29, 2014 11:02

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  26 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби либос аз матои табиӣ, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон, ба муносибати 20-солагии Сарқонуни кишвар дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Адрас ва атласи Хуҷанд-2014» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд, тамоми идораву шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ вазифадор шуданд, ки силсилаи чорабиниҳоро ташкил намуда, барои тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ, замонавӣ ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои шаҳрии Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014» тадбирҳои мушаххас андешанд. 
Барои дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ ҳайати кумитаи тадорукот иборат аз 16 нафар ташкил шуда, Умеда Муродова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарии кумитаи тадорукотро ба зимма дорад.
 

Август 29, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд