Таркиши сахт дар Ироқ

Август 13, 2014 14:37

Душанбе,13.08.2014 (АМИТ «Ховар»- Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Дирӯз дар Ироқ -шаҳри Бағдод ҷинояткорони номаълум боз ба як амали террористӣ даст заданд. Дар пайи ин ҳодиса 12 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захми шудааст. Гуфта мешавад, ки як таркиши дигар дар минтақаи Карадаи маркази пойтахт сурат гирифтааст, ки дар он сокинони бегуноҳи маҳали талаф ёфтааст. То кунун ягон фард ё гурӯҳе худро масъули ин ҳамлаҳо эълон накардааст. Душанбе,13.08.2014 (АМИТ «Ховар»)-Шаби гузашта дар Эквадор зилзилаи шадид ба амал омад, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,1 дараҷаро ташкил медод. Ба гуфти расонаҳои хабарии хориҷи кишвар дар вахти ҳодиса 5 нафар ҳалок шуда, 18 каси дигар захмҳои гуногуни ҷисмони бардошта бистари беморхона гардиданд. Гуфта мешавад, ки мудати чанд рӯз роҳои мошингарди минтақаи мазкур аз ҳаракат бозмонда мешавад. Душанбе,13.08.2014 (АМИТ «Ховар»)-Тули чанд рӯз аст, ки дар вилояти Нангарҳори қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кормандони сохторҳои қудратӣ бо мақсади мубориза бар зидди силоҳбадастону террористон амалиёти вижа мебаранд. Дар ҷараёни амалиёт 137 ҷангии ҷунбиши «Толибон» безарар гардонда шуда, 10 нафари дигарро бо лавозимоти ҳарбиашон боздошт намуданд. Аз ҷониби сарбозони давлатӣ низ 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Душанбе,13.08.2014 (АМИТ «Ховар»)-Субҳи имрӯз дар минтақаи Араукаи қисми шарқии Колумбия бар асари ҳамлаи силоҳбадастони номаълум як сиёсатмадор ба ҳалокат расидонида, 8-муҳофизи Ӯ захми гаштааст. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорон ба қасди куштани сиёсатмадор аз муҳимоти тарканда истифода бурдаанд. Мақомоти полиси мамлакат амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯиро ба роҳ мондандааст. Душанбе,13.08.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар Чили роҳзанҳои номаълум ба автомобили ҳамлу нақли пул ҳуҷум намуда, 11 миллион долларро ба яғмо бурданд. Ба гуфти сомонаи ВКД кишвар роҳзанҳо тавассути нақлиёти худ рӯи раҳ мехҳои фулузинро пош дада, ба автомобили ҳамлу нақли пул ҳуҷум намуда, маблағи мазкуро ба яғмо бурданд ва дар ин самт тафтишот идома дорад.

Август 13, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад