Ташкили 10 дастаи футболи хурди мақомоти судӣ

Август 21, 2014 14:58

Душанбе, 21.08.014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар шуъбаи Шӯрои адлияи ҶТ дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 20-умин солгарди Рӯзи қабули Сарқонун ва 90-солагии мақомоти судӣ машварати корӣ баргузор гардид.
         Дар машварати корӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаи Шӯрои адлия, судҳо, судҳои ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 дастаи футболи хурд ташкил гардид. Тибқи қоидаҳои ФИФА  дастаҳо аз рӯи қуръакашӣ ба ду гурӯҳи иборат аз панҷ даста тақсим шуданд. Тақвими бозиҳои футболи хурд миёни 10 тими ташкилгардида бо зикри вақт ва рӯзҳои баргузории он тасдиқ гардид.
Мусобиқаи футболи хурд миёни судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 25 августи соли 2014 оғоз гардида, ба истиснои рӯзи истироҳатии якшанбе ҳар рӯзе ду бозии футболи хурд, аз ҳар тими футбол як бозӣ сурат мегирад.
Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоӣ рӯзҳои 15,17 ва 18 сентябри соли 2014 доир гардида, ғолиби мусобиқа дар  пойтахти кишвар ширкат меварзад.
Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи футболи хурд аз ҳисоби раисони судҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашт комиссияи одоб таъсис дода шуд.

Август 21, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад