Таъсиси Маркази тарҷумаи адабиёти бадеӣ
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-«Рӯзҳои наздик як Маркази тарҷумаи адабиёти бадеӣ бо дастгирии Президенти кишвар таъсис меёбад»-иттилоъ дод, Меҳмон Бахтӣ-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як ҷаласа, ки чанде қабл дар ин ниҳод доир гардид. Тарҷумонҳои варзидаи тоҷик, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Парвона Ҷамшедов, муҳаққиқ Абдураҳмон Абдуманнонов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, тарҷумонҳо Абдуғаффор Абдуҷабборов, Норӣ Раббимдухт, Ҷумъабой Азизқулов ва Нурмуҳаммад Табаров дар хусуси шеваи фаъолият, нақшаҳои эҷодӣ, ҷойи буду бош ва шароити марказ андешаҳояшонро баён намуданд.Ҳадафи асосии ташкили чунин марказ, пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи беҳтарин намунаҳои назму наср, драматургия ва нақди адабии тоҷик дар кишварҳои хориҷа мебошад. Ҷалби ҳамаҷонибаи тарҷумонҳои боистеъдодро дар ин марказ метавон вазифаи аввалиндараҷаи он ба шумор овард. Маркази тарҷумаи адабиёти бадеӣ дар рӯзҳои наздик дар бинои нашриёти «Адиб» кори худро оғоз менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






