Таъсиси озмоишгоҳҳои ташхисӣ
Душанбе, 09.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт ду озмоишгоҳ оид ба муайян намудани ГМО (мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда) дар маводи ғизоӣ бо усулҳои нави ташхис таъсис меёбад. Озмоишгоҳҳои мазкур дар ҷумҳурӣ аввалин ба шумор мераванд, ки мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашударо дар таркиби маводи ғизоӣ муайян мекунанд. Дар ин замина 4 мутахассиси Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз курси омӯзишӣ гузашта, барои оғоз намудани фаъолият омодаанд. Инчунин дар маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд як озмоишгоҳи ташхиси микробиологии маводи ғизоӣ таъсис дода шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






