Татбиқи лоиҳа дар Темурмалик
Душанбе, 01.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз ҷониби муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дирӯз маросими оғози расмии фаъолияти лоиҳа дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.Тавре ки намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров иттилоъ дод, мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи зиндагии 22 ҳазору 400 хонавода тавассути зиёд намудани маҳсулнокии чорводорӣ, барқарор ва идоракунии устувори чарогоҳҳои мавҷуда, дастгирии хонаводаҳои камбизоат, аз ҷумла занони хонашин ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо иборат мебошад. Дар ҷамъомад муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов иброз намуд, ки татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки ҳолати чарогоҳҳо беҳтар гардида, маҳсулнокии чорво баланд ва барои аҳолӣ нисбати амалӣ намудани дигар зерлоиҳаҳои афзалиятнокдошта, дастгирии амалӣ карда шавад. Дар заминаи татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Темурмалик ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил мегарданд. Инчунин барои занони хонашин ва камбизоат шароит фароҳам оварда мешавад, ки онҳо ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифта шуда, зиндагии худро беҳтар намоянд,- иброз намуд директори Маркази идораи лоиҳа Саъдӣ Каримов.Татбиқи лоиҳа дар чор ҷамоати деҳоти ноҳияи Темурмалик амалӣ гардида, вобаста ба шумораи хонаводаҳои ҳар як деҳа маблағи муайян ҷудо шудааст, ки онҳо метавонанд эҳтиёҷоти дигари афзалиятноки худ, аз ҷумла таъминот бо оби нӯшокӣ, сохтани роҳу кӯпрукҳо ва ғайраро амалӣ намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






