Умаралӣ Мирзоев ба даст афтод?
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мудири филиали №76 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович, соли таваллудаш 1957 мунтазам ба азхудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда даст зада, дар давраи солҳои 2012-2013 аз ҳисоби маблағҳои нақдии хазинаи бонк, бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ 1 955 735,69 сомониро тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умаралӣ Мирзоев бо мақсади пинҳон намудани маблағҳои пулии тасарруф намуда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунандаи бонкӣ, ба номи 91 нафар шаҳрванд ба маблағи умумии 4 359500 сомонӣ қарзи бонкиро ба расмият даровардааст.
Нисбат ба Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “Б” ва 340 қисми 2 банди “А” КҶ. ҶТ оғоз шуда, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






