Утоқи кории созмони НКБ дар Қӯрғонтеппа
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба наздикӣ кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо намояндагони Ташкилоти Наҷоти Кўдакони Байналмилалӣ (НКБ) ва ҳамоҳангсози лоиҳа аз Созмони байналмиллалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Дар вохўрӣ иштирокчиён доир ба мақсади асосии лоиҳа ва уҳдадориҳои тарафайн, ки тибқи муқаррароти ин Ёддошт муайян гардидаанд, аз наздик шинос шуда, ҷиҳати сари вақт амалӣ шудани ҳамаи чорабиниҳои пешбинишуда таклифу пешниҳодҳо ироа карданд. Бино ба иттилои Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раёсат тасмим гирифтааст рўйхати оилаҳои осебпазири шаҳри Қӯрғонтеппаро муайян намуда, рўзҳои наздик як утоқи корӣ ба ҳуқуқшиносон ва мутахассисони ташкилоти Наҷоти Кўдакони Байналмилалӣ (НКБ) пешниҳод намояд. Лозим ба ёддоварист, ки ҳамкориҳои байналмилалии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ сол то сол густариш ёфта, бо мақсади омўзиш ва тақвияти хизматрасонӣ ба кўдакони бепарастори оилаҳои муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб, Хуҷанд, Айнӣ, Тоҷикобод ва Ҳисор байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти Наҷоти Кўдакони Байналмилалӣ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум моҳи майи соли равон ба имзо расида буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






