Вазъи нигаронкунандаи нашъамандӣ

Август 23, 2014 10:33

Душанбе, 23.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   Дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор — 2014» ва омӯзиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои 20 ва 21 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Роштқалъа бо аъзои ситоди амалиёти ноҳиявии «Кӯкнор-2014» ва шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадори ноҳияҳои мазкур ҷаласаҳо гузаронида шуданд.
Роҳбарияти ин ду ноҳия дар навбати худ ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти зиддинашъамандӣ ва ҷоннок кардани шӯроҳои мазкур ба сохторҳои дахлдор супоришҳо доданд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа рӯзи 21 август чорабинии оммавию фарҳангии зиддинашъамандиро таҳти шиори «Тоҷикистон зидди мухаддирот» бо иштироки доираи васеи аҳолии ин ноҳия баргузор намуданд. 
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати зиддимухадиротии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад. Роҳбарияти ноҳияи Роштқалъа таъкид доштанд, ки дар ҳамкорӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот кори зиёдро ба анҷом расонидан имконпазир аст. 
Чунин чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷ ба нақша гирифта шудааст.

Август 23, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад