«VINCI» ба кормандони ФБД таҷрибаи корбарӣ омӯхт

Август 1, 2014 15:23

Душанбе, 01.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Алҳол 8 нафар корманди Фурдугоҳи байналмилалии Душанбе дар Академияи авиатсияи граждании Санк- Петербурги Русия таҳсил менамоянд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо иқдоми роҳбарияти фурудгоҳ иддае аз мутахассисони муассиса ҷиҳати омӯзиш ва такмили ихтисос ба муассисаҳои пешрафтаи авиатсионии ҷаҳон фиристода шудаанд. Аз ҷумла, тибқи даъвати ширкати «VINCI» 16 нафар кормандони роҳбарикунандаи фурудгоҳ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса, Британияи Кабир, Испания ва Португалия таҷрибаи корбарӣ дар терминали навро омӯхтанд. Дар як вақт 6 нафар мутахассисони пешбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фурудгоҳи Внуковои Русия курсҳои такмили ихтисосро гузашта, донишу малака ва касбияти худро баланд бардоштанд. Инчунин бо роҳбарияти фурудгоҳи Домодедово ҷиҳати дар заминаи ин муассиса такмили ихтисос кардани агентҳои Хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шартнома баста шудааст.  Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани малакаю касбияти мутахассисон ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои ҳавонавардии ҷаҳон ба кормандону мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имкон медиҳад, ки корро дар самти беҳдошти сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо дар сатҳи баланд, тибқи стратегияи рушди фурудгоҳ ва стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.

Август 1, 2014 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад