Воқеаи нохуш
Душанбе, 06.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз, тахминан соати 00:30-дақиқа дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ, аз дохили автомашинаи сиёҳшиша, тамғаи «MERCEDES-BENZ 600», ҷасади шаҳрвандон Охонқадамов Сайёд Бозичаевич ва Хушдилов Далер Давлатқадамович, соли таваллудашон 1988, сокинони шаҳри Хоруғ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, аз силоҳи оташфишон дарёфт гардид.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ба ҷойи ҳодиса муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобов, иҷрокунандаи вазифаи сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Қиёмиддин Низомиддинов ва дигар мутахассисони Раёсати ВКД дар ВМКБ рафта, ҷойи ҳодисаро аз назар гузарониданд. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил гардид.Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷойи ҳодиса ва барои бурдани корҳои тафтишотӣ ба ВМКБ мутахассисони Раёсати экспертӣ-криминалистӣ ва тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуд.Бояд зикр намуд, ки парвандаи ҷиноятии мазкур зери назорати Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гирифта шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






