Воқифгардии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Август 4, 2014 10:13

Душанбе, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Китоб бахшида ба семинари сатҳи миллӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки 5 марти соли ҷорӣ дар доираи Ташаббуси волоияти ҳуқуқи ИА барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, ба табъ расонида шуд.Дар китоб баромадҳои роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва коршиносони соҳа инъикос ёфта, дар он рушди омӯзиш ва воқифгардии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вориднамоии IT-технологияҳо дар мурофиаҳои судӣ, такмили маъмуриконии ҳокимияти судӣ ва инчунин баланд бардоштани нақши адвокатҳо, ки дар семинари мазкур аз ҷониби иштирокчиён иброз гардида буданд, дарҷ карда шудааст.Китоби мазкур барои истифодабарии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, муаллимон ва донишҷўёни факултаҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии мамлкат равона карда шудааст.Китоби мазкур бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо, Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Фаронса, Федералии Олмон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.

Август 4, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд