Вохӯрии рафиқонаи футболбозони Беларус ва Тоҷикистон
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Вохӯрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон оид ба футболро, ки 4 сентябр дар шаҳри Борисови Беларус баргузор мегардад, ҳайати ҳакамони Литва доварӣ мекунад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳаками ФИФА Сергей Слива сардовари ин вохӯрӣ таъйин гардида, ҳамватанонаш Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов ба вай ёрӣ мерасонанд. Намояндаи Беларус Денис Шербаков ба ҳайси довари захиравӣ таъйин шудааст.
Хотирнишон месозем, ки аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон ягон маротиба бо якдигар қувваозмоӣ накарда буданд. Алҳол дар ҷадвали ФИФА дастаи мунтахаби Беларус мақоми 88 – ум ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 120 – умро касб менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






