Вохӯрии С.Аслов бо Э.Ауэр
Душанбе, 05.08.2014 (АМИТ «Ховар).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 4 август роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи солҳои охир баланд арзёбӣ гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи дуҷониба беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт. Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Эдурад Ауэр дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






